Тармаи роҳи Душанбе – Варзоб. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон: Ҳушёр бошед!

Бориши шадиди борон ва резиши барф, ки пештар дар ин бора КҲФ ҳушдор дода буд, боиси лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб шуд.  Субҳи барвақти рӯзи 13-уми апрел дар киломатри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борид ва ба дунболи он тарма аз баландӣ сарозер шуд, ки роҳ ва ҷараёни рӯдхонаро баст.   

Барои бартараф намудани оқибатҳои ин тармарезӣ кормандони ширкати  «Инновейтив Роуд Солюшнз» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва техникаи зарурӣ сафарбар гардид.

Бо талоши якҷоя роҳ аз тӯдаву ғарами барф тоза карда шуд ва мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромаданд. Барои таъмини бехатарӣ наҷотдиҳандагони КҲФ дар километри 62-уми роҳи Душанбе – Айнӣ шабонарӯз навбатдорӣ мекнунанд. 

Ёдовар мешавем, ки то охири ҳафта хатари боронҳо боқӣ мемонад, лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест. 

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ва ҳушёр бошанд.

барчасп: