Роҳандозии корҳои таблиғоти зидди короно дар вилояти Хатлон

Ҳамеша чунин буду ҳаст. Пешгирӣ аз табобат ҳазорон бор беҳтар ва каммасрафтар аст. Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз омилҳои аслии сироят нашудан ба ҳар гуна вирусҳои хатаровар мебошад. Бахусус, ин шабу рӯз, ки короновирус оламро дар гирдоби хатар қарор додааст, ба сокинони кишвар лозим аст беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунанд. Бо назардошти ҳамин кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як силсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ карданд. Ҳадаф огоҳ кардани мардум ва ҳушдор ба онҳо дар мавриди риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аст.

Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон  аз 20 марти соли 2020 “Дар бораи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддимэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус (COVID-2019) дар вилояти Хатлон” ва  нақшаи баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва пайдоиши бемории сироятии нави коронавирус (COVID-2019), ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардидааст, Раёсати КҲФ дар Хатлон як силсила чорабиниҳои таблиғотиро роҳандозӣ кард.

Рӯзи 10 апрели соли 2020  дар бозорҳои “Фаровон” ва “Ҳоҷӣ Шариф” – и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва Раёсати дезинфекционӣ – профилактики вилояти Хатлон ва бо ҷавонони гуруҳои ихтиёрӣ, кормадони бозорҳои мазкур ва аҳолӣ корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии  COVID-2019 гузаронида  шуд.

Ҳамзамон аз тарафи Раёсати дезинфекционӣ – профилактикии вилоят дар гирду атрофи бозор ва ба нақлиётҳои мусофиркаш бо маҳлулҳои хлорӣ безарар карда шудаанд. Инчунин аз тарафи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон шиору овезаҳо оид ба пешгирии вируси короно дастраси фурӯшандагон ва аҳолӣ гардида, чорабинии мазкур аз тарафи ТВ “Сафина” ва ТВ “Хатлон” наворбардорӣ карда шудааст.

Ҳамин гуна чорабинӣ рӯзи 9 апрели соли 2020 дар қисми ҳарбии 45989 –и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозон ва дар Колеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими вилоят ва Раёсати дезинфекционӣ – профилактикии вилояти Хатлон миёни донишҷуён гузаронида шуд.

барчасп: