Аз ҳаводиси нохӯши рӯзи гузашта бархӯрди шохи як дарахти азим ба сари шаҳрванди 36-солаи пойтхати кишвар аст, ки ҳоло бо ҷароҳати вазнин дар бемористони “Истиқлол” бистарист. Ва хабари муҳими дигар боз шудани роҳи Хоруғ-Мурғоб аст, ки ду рӯз қабл бар асари резиши барф ва ғарам шудани он дар натиҷаи шамоли сахт дар километри 750-уми ағбаи Кутезак муваққатан баста шуда буд.
Муҳимтарин хабари имрӯз: Бо вуҷуди бориши борон дар минтақаҳои мухталифи кишвар кулли роҳҳои мошингард бозанд ва барои ҳаракати нақлиёт мушкилоте вуҷуд надорад. Дар баъзе нукот мушкилиҳо буданд, вале бо талошҳои дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ин монеъаҳо бартараф гардиданд
Чунончӣ, тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шуғнон рӯзи 9-уми апрели соли равон тахминан соати 15:52 дақиқа бар асари вазидани шамоли сахт ва ҷамъ шудани барф роҳи байналмиллалии самти Хоруғ-Мурғоб дар километри 750-уми ағбаи Кутезак, ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон душворгузар гардида, ҳаракати нақлиёт дар ин самт муваққатан қатъ шуд. Барои тоза кардани рохи мазкур 2 адад техникаи махсус сафарбар гардида буд.
Соати 8:30 дақиқаи субҳи рӯзи 10-уми апрел ин роҳ аз барфтӯдаҳои пурра озод карда шуд ва ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.
Субҳи дирӯз, 10-уми апрели соли 2020 дар кӯчаи Мушфиқӣ 93, навдаи дарахт шикастаи як дарахти азим ба сари сокини 36-солаи пойтахт бархӯрдааст. Ин бону, ки шояд ба амри тасодуф аз роҳ мегузашт, бо ҷароҳати вазнин ба бемористони “Истиқлол” интиқол дода шуд.
Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ аз ҷониби табибон маълум гардид, ки муҳраҳои 6-7 уми сутунмуҳра ва косахонаи майнаи сар осеб дида, айни ҳол дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ ва таҳти назорати табибон қарор дорад.