Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар шаҳри Душанбе

10 – уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи ҳамешафаъоли Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд. Ҷаласа таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт.

Дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Платформаи миллии ҶТ оид ба офатҳои табиӣ ва тартиби тасдиқи лоиҳаи барномаҳо барои солҳои 2020-2022, ки аз Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030 бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарор қабул карда шуд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ ҳисобот дар бораи чорабиниҳои зиддиэпидемӣ, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, шунида шавад ва хулосаи Вазорати адлия дар бораи тартиби тасдиқи лоиҳаи миёнамуҳлат барои солҳои 2020-2022 мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Ҳамчунин, ширкаткунандагон масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиии баҳорӣ, дар бораи минтақаҳои хатарнок, сафарҳои саҳроии гурӯҳи коршиносон ва роҳандозии чорабиниҳои зидди эпидимӣ ҳангоми пандемияи  COVID-19-ро баррасӣ намуданд.

Дар ин ҷаласа 23 намоянда аз вазорату идораҳо, аз ҷумла Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Аминзода, ҳамчунин намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.  

Зикр бомаврид аст, ки ҷаласа дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ, ки аз ҷониби дафтари намояндагии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

барчасп: