Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро доир ба истеъмоли дурусти ғизо ва ба нақша гирифтани харидҳо дар замони пандемияи коронавирус пешкаш менамояд.
КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳатто агар миқдор ва намудҳои озуқаворӣ маҳдуд бошанд, давом додани истеъмоли ғизои муфид имкон дорад. Ба номгӯи ғизоҳои муфид манбаъҳои сафеда, ба монанди моҳӣ ё лӯбиёи консервагӣ; сабзавоту меваҷот, инчунин помидор ё соусҳои консервагӣ ё ях кардашуда; гандуми яклухт (тозанокарда), аз ҷумла нон, биринҷ ва макарон аз гандуми яклухт, ҳамчунин равғанҳои муфид, аз қабили равғани зайтун, мағзҳо дохил мешаванд.
Кумита тавсия медиҳад, ки аввал хӯроквории тару тозаро истеъмол намуда, сипас ба захираҳои озуқаворӣ бо муҳлати тӯлонии нигаҳдорӣ ва ях кунондашуда гузаред.
Ғайр аз ин, набояд талаботи одамони дигарро фаромӯш карда, харидҳои барзиёд намоед. КҲФ тавсия медиҳад, ки ба таҳлука дода нашавед, дар навбати аввал бинед, ки дар хона кадом озуқаҳоро аллакай доред ва хариди он озуқаҳоеро ба нақша гиред, ки тамом шудаанд ё дар ҳоли тамомшавианд.
«Шумо шояд хоҳиши захира кардани ғизоҳоро пайдо кунед, аммо дар ин ҳангом муҳим аст, ки аз ғизоҳои аллакай харидаатон ва ҳам ғизоҳо бо муҳлати кӯтоҳи нигоҳдорӣ фаромӯш накунед ва дар навбати аввал онҳоро истеъмол намоед",- гуфта мешавад дар тавсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ.
Ҳамчунин, КҲФ тавсия медиҳад, ки дар навбати аввал озуқавории тару тоза ва зуд вайроншавандаро хӯред, мустақилона таомҳои манфиатовар омода намоед. Ҳангоми омода кардани ғизоҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунед. КҲФ маслиҳат медиҳад, ки истеъмоли машрубот, қанд, намак ва равғанҳоро маҳдуд карда, миқдори кифояи моеъ ва зиёд маҳсулоти аз ғоза (клетчатка) ғаниро истеъмол намоед.