3 апрели соли 2020 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар байни донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии тавзеҳиро оид ба пешгирӣ аз коронавирус доир намуданд.
Вохӯрӣ дар чорчӯбаи татбиқи минбаъдаи «Нашаи амали ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ ҳангоми пандемияи коронавирус COVID-19», ҳамчунин бо мақсади тақвитяи чораҳо ҷиҳати пешгирии хавфи бавуҷудоии сирояти коронавирус (COVID-19) ва таъмини некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологии аҳолии вилоят баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар шакли презентатсия дар бораи риоя кардани чораҳои профилактикӣ, беҳдошти шахсӣ ва зарурати муроҷиати барвақтӣ барои ёрии тиббӣ ҳангоми ошкоршавии аломатҳои нахустини мубталошавӣ ба коронавирус маълумот пешниҳод намуданд.
Дар рафти презентатсияҳои худ кормандони КҲФ роликҳои видеоӣ ва постерҳоро намоиш доданд. Дар охири вохӯрӣ ба кормандон буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.