Дар ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли равон 7 нафар аз сардорони Ситодҳои минтақавӣ барои камбудиҳо дар кор аз вазифа барканор шуданд.
Ин ҷаласаи рӯзи шанбеи гузашта, 15 – уми октябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа ҳамаи роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сарварони раёсатҳои минтақавии як қатор ноҳияҳо, ҳамчунин фармондеҳони воҳидҳои низомӣ ширкат карданд.
Дар рӯзнома ду масъала буд: натиҷаи тафтиши фаъолияти Ситодҳои КҲФ дар давраи ҳисоботӣ ва омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита дар давраи зимистон.
Оид ба масъалаи якум муовини Раиси Кумита, полквник М.Салимзода баромад кард. Вай зикр намуд, ки бо мақсади татбиқи нақшаи тасдиқшуда дар коллегияи нимсолаи аввал гуруҳи корӣ созмон дода шуд ва он аз 15-уми сентяб то 5-уми окттябр фаъолияти ҳамаи Ситодҳои маврид назарро омӯхт. Тафтиш як қатор камбудиҳо дар фаъолияти Ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии КҲФ-ро ошкор намуд.
Баъди ин ҳисоботи сардорони Ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ шунида шуданд.
Аз рӯйи натиҷаи тафтиш ва қарори коллегия барои камбудиҳо дар кор сардорони Ситодҳои ноҳияи Шуғнони ВМКБ, Дӯстӣ, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувони вилояти Хатлон, Сангвор ва Фирдавсӣ аз кор барканор карда шуданд.
Як қатор кормандони масъул барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ ва нишондодҳои пасти фаъолияти хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм оид ба омодагӣ ба зимистон дар воҳидҳои КҲФ ва қисмҳои ҳарбии тобеъи он фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва сардори раёсати ақибгоҳ ҳисобот доданд.
Зикр гардид, ки дар маҷмуъ ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ ба давраи тирамоҳ ва зимистон омодаанд. Бо ин мақсад барои мошинҳои маводи сӯхт харидорӣ шуда, ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум барои қисмҳои ҳарбӣ захира ва сарбозону афсарон бо сару либоси зимистона ва ғизо таъмин карда шудаанд.
Зимни суханронии худ генерал-лейтенант Рустам Назарзода дастур дод, ки то охири соли равон корҳои ташкилӣ-тарбиявии сардорони ситодҳои вилоятӣ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ омӯхта шуда, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии объектҳои стратегӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда таҳия шаванд. Сарвари Кумита ҳамчунин ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистон дастурҳои иловагӣ дод ва талаб кард, ки барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тадбирҳо андешида шаванд.
Сарвари КҲФ аз ҳозирон ва ҳамаи кормандон таҳкими интизоми хидматӣ ва масъулияти шахсиро дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон талаб намуд.
Дар хотима аз иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа дар семоҳаи чоруми соли равон ном бурда шуд.