Ситоди Душанбе: Руҷуъе ба таърих

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе 1-уми июли соли 1977 бо қарори Совети вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  бо номи Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, то 17 агусти соли 1994 бо ин ном фаъолият дошт.
Аз 17 августи соли 1994 то айни ҳол бо номи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе амал намуда истодааст.
Дар солҳои 70 – 90  асри гузашта Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе мақомоти асосии идораи мудофиаи гражданӣ маҳсуб ёфта, барои иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ дар замонҳои осоишта ва ҷангӣ пешбинӣ шуда буд.  Дар ин давра, дар назди Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе вазифаҳо оид ба ташкили ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди шаҳр аз  силоҳи қатли ом ва дигар воситаҳои ҳуҷуми душман, баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва иншооти хоҷагии халқ дар шароити ҷангӣ, таъсис додан ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани мудофиаи гражданӣ ва дигар вазифаҳои мудофиаи гражданӣ гузошта шуда буд.
Дар тўли фаъолияти Ситод ҳайати шахсии он дар ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи граждании шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузошта, омодагии мудофиаи граждании шаҳрро таъмин намудаст.
Имрӯз мо бо некӣ номи як зумра афсаронеро, ки  дар давраҳои гуногуни фаъолияти Ситод роҳбарии онро бар дўш дошта, дар пешрафти соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, ёдовар мешавем, аз ҷумла:   

  • полковник Смирнов Валерий Иванович, солҳои  1994-1995;
  • полковник  Асоев Маҳкамтош, солҳои охири 1995 то 1999;
  • полковник Бедаков Манзаршо Махмудович солҳои  1999 то 2003;
  • подполковик Ансоров Мирзобек Асрорович солҳои  2003 то 2006;
  • генерал-майор Латипов Ҳайбулло Абдуллоевич солҳои  2006 то2008;
  • полковник Кенҷаев Муҳамадҷон Масеҳҷонович солҳои 2008 то 2015;

Аз соли 2015 то айни замон Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо полковник Неъматов Рамазон Холмаҳмадович роҳбарӣ намуда истодааст.
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе яке аз сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳри Душанбе аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд.
Воҳидҳои сохтории Ситодро шўъбаҳо, зершўъбаҳо, Курсҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр, Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ва ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил менамоянд.      
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе  дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, аз ҷумла:
Дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.05.2008 № Д-05 Курсҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, таъсис дода шуд.

Ҳайати афсарони Ситоди шаҳри Душанбе

Курсҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе муассисаи таълимии доимоамалкунанда буда, фаъолияти он дар ҳудуди шаҳри Душанбе паҳн мешавад. Курсҳо ба иншоотҳои иқтисодии шаҳр вобаста ба масъалаҳои тайёр намудани аҳолӣ ба амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда кўмак  мерасонад.
Инчунин ҳамкориҳои мутақобилан муфидро бо муассисаҳои таълимӣ, корхонаву идораҳои шаҳр оид ба проблемаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, дар соҳаи паст кардани хавфи ҳолатҳои фавқулодда ҳамкориро ба роҳ монда, дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ки аз тарафи Ситод дар  ноҳияҳои шаҳр, иншоотҳои иқтисодӣ гузаронида мешаванд,  иштирок мекунанд.
Дар курсҳои тайёр кардани ҳайати рохбарикунанда ва сардорони фармондеҳии мудофиаи граждании ташкилотҳо, корхонаю идораҳо, муассисаҳои таълими ва муассисаҳои то мактабии дар шаҳри Душанбе воқеъ буда, инчунин кормандони ташкилотҳое, ки ўҳдадориҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ иҷро менамоянд ба роҳ монда шудааст.
Бо  Дастури  № 04 Раиси Кумитаи ҳолотҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2010    дар зиминаи Ситод оид ба ҳолотҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе «Дастаи махсуси зудамалӣ наҷотдиҳӣ» таъсис дода шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷот сохтори таркибии махсуси Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе буда, барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулоддаву офати табиӣ ва инчунин фалокату садамаҳо пешбинӣ гардидааст.
Аз давраи таъсисёбӣ то айни ҳол ҷиҳати такмил додани заминаи моддӣ – техникии Даста аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе ва Ташкилотҳои байналмилалӣ асбобу амволӣ махсуси муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар 25 соли соҳибистиқлоли хусусан аз соли 2000 то ин ҷониб нуфузи Ситоди шаҳрӣ дар байни дигар сохторҳои кудратии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чӣ аз лиҳози мутахасисон ва чӣ аз лиҳози қувва ва восита назаррас мебошад. Дар  Ситод  айни  ҳол  8 (ҳашт) адад  нақлиёт мавҷуд мебошад, ки аз он 4 (чор) ададаш автомошинаи махсуси наҷотбахшӣ буда, барои бартараф ва гузаронидани корҳои ҷустуҷўйву наҷот муқаррар шудааст.

ГУЗАРОНИДАНИ МАШҚҲОИ СИТОДӢ