6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода мулоқоти ҳамоҳангсозии шарикони барномаи DIPECHO- IX (Барнома оид ба омодагӣ ба офатҳои табиии шуъбаи кумакҳо ва ҳимояи граждании Комиссияи Аврупо ЕСНО) багузор шуд.
Дар ин мулоқот роҳбарони 11 созмонҳои байналмилалие чун Агроаксияи Олмон/бахши шафқат, Салиби Сурхи Олмон, Хазинаи наҷоти кӯдакон, ОКСФАМ, ФОКУС (Шуъбаи хазинаи Оқохон оид ба рушд), Миссияи Шарқ, ЮНИСЕФ, КАРИТАС, АКТЕД, Барномаи рушди СММ (ПРООН), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ширкат карданд.
Дар сухани муқаддамотии худ Раиси Кумита Рустам Назарзода изҳор дошт, ки талафоти солона аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ баробар ба маблағҳои хеле бузургест ва барои коҳиши он ва ҳамчунин наҷоти ҳаёти одамон зарурати татбиқи ташаббусҳои муайяне оид ба коҳиши хатари офатҳо зарур аст. Омодагии пешакӣ ба офатҳо ва андешидани чораву тадбирҳо оид ба кам кардани оқибатҳои он метавонад амалан осебпазирӣ дар назди офатҳои табииро коҳиш диҳад ва имкониятҳои одамонро дар вокуниш ва барқарорсозии харобаҳо боло барад.
Дар ҷаласа ҳисоботҳо дар иртибот ба шарҳи лоиҳаҳои пешинаи ДИПЕКО ва комёбиҳои асосии солҳои пеш шунида шуданд ва ҳамзамон масъалаҳо оид ба фаъолиятҳои ҷорӣ ва нақшаҳо ба оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа муаррифиномаи корҳои анҷомшуда ва тарҳҳои ояндаи коҳиши хатар ба ширкаткунандагон пешниҳод шуд.
Чунин ҳамкориҳо бо ҷомеаи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки увлавиятҳои стратегиро нисбатан жарфтару фарогиртар баррасӣ кунанд ва ҳамаи масъалаҳо дар иртибот ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва омодагиҳои аҳолӣ ба вокуниши самаровар дар сатҳҳои нисбатан дастрас ҳаллу фасл намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи “DIPECHO IX: «Ба ҳам овардани талошҳҳои фаъолият оид ба коҳиши хатар аз роҳи таҳкими муқобила бо ҳолатҳои фавқулодда” моҳи апрели соли равон шуруъ шуда буд ва он 18 моҳро дар бар мегирад.