29 сентябри соли 2016 дар Ереван ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Назарзода иштирок намуд.
Иштироккунандагон масоили густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар доираи истифода бурдани имкониятҳо барои расонидани кўмак ба зарардидагон аз ҳолатҳои фавқулодда, Нақшаи машқҳои муштарак ва дигар фаъолияти якљоя бо мақомоти ваколатдори давлатҳо - аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2016, лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи вокуниши давлатҳо - аъзои СААД ба ҳолатҳои фавқулодда», таҳияи лоиҳаи нави Низомномаи давлатҳо-аъзои СААД дар ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла татбиқи механизмҳо, татбиқи Созишнома оид ба омӯзиш кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хадамотҳои оташхомушкунӣ, мақомоти наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатӣ - кишварҳои узви СААД дар робита ба омӯзиш шаҳрвандони давлатҳо - аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар асоси имтиёзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, банақшагирии машқҳо ва дигар фаъолияти якљоя бо мақомоти ваколатдори давлатҳо - аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2017.
Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошанд.