Як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва табодули таҷриба ба Қирғизистон сафар кард.
Бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва бартарфсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ба Қирғизистон сафар кард.
Ҳайати КҲФ дар Ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар дар вилояти Боткен таҷрибаи пешқадами ҳамкорон дар тарҳрезии корҳо дар ин самт ва ҳимояи гражданӣ дар мақомоти худидории маҳаллӣ, беҳтарсозии кори хадамоти наҷотро меомӯзанд, бо объектҳои сохтмонии ВҲФ Қирғизистон ошно мешаванд, дар бораи фаъолиятҳои Комиссияи ҳифзи граждании ноҳияи Лайлаки Қирғизистон маълумот пайдо мекунанд, ҳамчунин якҷо бо ҳамкорони қирғизашон маводи омодашуда дар бораи таҷрибаи кори КҲФ Тоҷикистонро тамошо мекунанд ва атрофи он мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Маврид ба ёдоварист, ки масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ марз надоранд. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина эътибори хоса медиҳад.