Сафари кории Раиси Кумита ба вилояти Хатлон ба анҷом расид

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 22 – уми сентябр дар Ситоди КҲФ вилоят бо кормандон ва роҳбарони он мулоқот намуд ва ҳисоботи роҳбарони ниҳодҳоро дар мавриди кори анҷомдода шунид.
Дар ҷаласа бо ҳайати шахсӣ омодагии Ситоди КҲФ дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, масъалаҳои омӯзиши ҳайати шахсӣ ва роҳбарони ниҳодҳои гуногун, ҳамчунин интизоми кориву риояи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳайати шахсӣ даъват кард, ки дар баробари экстремизм ва терроризм, таъмини тартибот ва қонуният хеле ҳушёр ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омода бошанд.
Дар идомаи сафари кории худ сарвари Кумита якҷо бо роҳбарони Раёсати кадрҳо ва ақибгоҳи Кумита аз қисми ҳарбие, ки дар қаламрави вилоят мустақар мебошад, дидан намуд.  Ва бо шароити хизматчиёни ҳарбӣ, омодагии онҳо ба мавсими тирамоҳиву зимистонӣ ва қабули сарбозони ҷавони даъвати тирамоҳӣ шинос шуд.

барчасп: