Рӯзҳои 17-18-уми сентябри соли равон Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода аз манотиқи офатзадаи ҷамоатҳои Иҷборак, Аскалон, деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Рашт дидан карданд ва бо корҳои барқароркунии офати табиӣ дар ин манотиқ шинос шуданд.
Заминларзаи 1-уми июли соли равон ва сели 28-уми август ба деҳоти ин минтақа хисорати зиёд ворид карда буд. Ҳайат бо ҷараёни тозакунии канали пуршуда аз хоку реги селоварда, корҳои соҳилбандӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ояндаи табиӣ, барқароркунии пулҳо дар деҳаҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод аз наздик ошно шуд.
Онҳо аз кӯчаҳои офатзада дидан карданд, ба хонаҳо даромаданд ва ба ҳоли манзилҳои зарардида назар андохтанд, бо мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва ташкилотҳои пудратӣ, ки корҳои барқарорсозии харобаҳои офат ба зиммаи онҳост, ҷаласа гузарониданд, ҳамчунин як силсила вохӯриҳо бо сокинони аз офатҳои зарардидаи рустоҳо ва ҷамоатҳо гузарониданд. Сокинон аз кӯмакҳои фаврии Ҳукумати кишвар ва сари вақт расидани ёриҳо барои барқарорсозии зарарҳои расида изҳори миннатдорӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки 1-уми июли соли 2016 дар ноҳияи Рашт замин ҷунбид ва бар асари он даҳҳо хона вайрон гардид.
28 - уми августи соли равон бошад, аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод як бахши азими пирях канда шуд ва ба сели бузурге табдил шуда, самти ҳаракати рудхонаи Шуракро баст.
Бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб намуд, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод хисорати калон овард.