Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода субҳи имрӯз, 15-уми сентябр, бо ҳайати Гуруҳи робитаҳои граждании Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо сарварии роҳбари ин барнома, хонум Шеннон Маккена мулоқот кард.
Сарвари Кумита меҳмононро бо чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулодда меандешад, дар ҷараён гузошт, роҷеъ ба салоҳиятҳои Кумита, механизмҳои мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда, таҳким ва мудернсозии пояҳои моддӣ-техникӣ ва омӯзишӣ-методии зарфиятҳои воҳидҳои сохтории КҲФ ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт нақл кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба табодули маълумот ва таҷриба, омӯзиш ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандон дар маҳалҳо ҷиҳати расонидани кӯмакҳои техникиву методӣ ва боқӣ масъалаҳои беҳбуд бахшидан ба малакаҳои касбии кормандони КҲФ баррасӣ шуданд.
Сарвари Кумита аз ҷумла гуфт: “Дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандони мо ёрӣ расонида, шумо қабл аз ҳама пояҳои расонидани кӯмакҳои самаровар ба аҳолии зарардидаро мегузоред ва вазифаи мову шумо таҳвили саривақтӣ ва босифати ин кӯмакҳост”.
Дар навбати худ, хонум Маккена дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумати ИМА дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда нақл кард.
Ҳамчунин Гуруҳи робитаҳои граждании Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди ҳамкориҳо бо КҲФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ, фоҷеаҳои техногенӣ, ҳамчунин омодасозии мутахассисони наҷотбахш ва расонидани кӯмакҳои техникӣ изҳори ният кард.