Ба манзури татбиқи қарорҳои дар ҷараёни сафари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба дафтари намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Женев ба дастомада мулоқоти Раиси Кумита бо ҳайати Федератсияи ҷамъияти Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар Рустам Назарзода ва Байлар Толиб – намояндаи Федератсияи ҷамъияти Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар кишвари мо масъалаҳои ҳамоҳангсозии самаровари амалҳои муштарак оид ба баргузории курсҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат барои сарбозони воҳидҳои низомии Кумита ҷиҳати расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ, ҳамчунин фароҳам овардани он имкониятҳое, ки ба касбомӯзии ояндаи сарбоз мусоидат кунад, баррасӣ карданд. Ҷонибҳо бар ин назаранд, ки омӯзишҳо барои интихоби касб ба сарбози собиқ баъди анҷоми муҳлати хизмат мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин расонидани кӯмаки техникӣ ба бемористони КҲФ низ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба қотеъияти ҳамкориҳои сохандаи оянда таъкид карданд.