Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии мутахассисони тобеъи Раёсати тиббии бемористони ҳарбии Кумита озмун эълон мекунад:
- Афсари калон - невропатолог;
- Афсар – духтури гӯшу ҳалқ;
- Афсар – мутахассиси бемориҳои занона (гинеколог);
- Афсари калон - сардори озмоишгоҳ;
- Сардори Шуъбаи молия ва таъминот;
- Сардори Шуъбаи бемориҳои дарунӣ ва касалиҳои сироятӣ;
- Муаллим оид ба омӯзиши мошинронӣ;
- Сардори шуъбаи коргузории дармонгоҳ;
- Ҳамшираҳои тиббии бемориҳои узвҳои дарунӣ;
- Ҳамшираҳои тиббии шуъбаи қабул;
- Ҳисобдон-хазинадори шуъбаи молия.
Талаботи тахассусӣ. Маълумоти олии касбии тиббӣ, иқтисодӣ ва техникӣ, хизматчии ҳарбӣ ва муносиб будан барои хизмати сарбозӣ.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар озмун доранд, ба Раёсати кадрҳои КҲФ асноди зеринро пешниҳод кунанд:
а) ариза дар бораи ширкат дар озмун, шарҳи ҳол;
б) саволномаи бо дасти худ пур ва имзокардашуда бо расмҳои андозаи 3*4 – 4 адад ва 9*12-2 адад;
в) нусхаи шиноснома, нусхаи диплом, ки нотариус тайид карда бошад;
г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ё хадамоти кадрии ҷойи кораш тайид карда бошад;
ж) нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ;
з) нусхаи дафтарчаи тиббӣ;
и) нусхаи шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон;
к) маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
л) хислатнома;
м) тавсиянома аз се нафар;