30 – уми майи соли2019 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмадзода маросими тантанавии хатми навбатии мактаби омодасозии прапоршикҳо дар назди Вазорати мудофиаи кишвар баргузор шуд.
8 нафар прапоршикҳои ҷавон аз зумраи сарбозони даъвати фаврии қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки ин мактабро хатм карда буданд, сафи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра карданд.
Бо мақсади таъмини иқтидори кадрӣ бо прапоршикҳо, ҷалби ҷавонони кишвар ба кори ҳарбӣ, сарбозони интихобшуда аз қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки аллакай хизмати якунимсоларо хатм намуданд, ба мактаби ҳарбии омодасозии прапоршикҳо равона карда шуда буданд. Онҳо муддати чор моҳ омӯзиш диданд ва дар охир ба онҳо рутбаи ҳарбии прапоршик дода шуд ва бо фармони Раиси КҲФ ба маконҳои таъиншуда хизмати худро идома хоҳанд дод. Онҳоро афсарони таҷрибадори вазорати мудофиаи кишвар омӯзиш доданд.
Дар ин мактаб прапоршикҳоро бо ҳашт ихтисос, аз ҷумла старшинаи рота, тирандози мошинҳои зиреҳпӯш, сардорони анборҳо, авиамеханикҳо, сардорони радиостансияҳо ва сардорони ҳисоби зенитӣ тайёр мекунанд.
Ба мактаби прапоршикҳо сарбозони хизмати таъҷилии артиши миллии Тоҷикистон баъди якуним соли хизмат метавонанд дохил шавад, ҳамчунин шаҳрвандони синну соли даъват ба сафи артиш, низ метавонанд шунаванди ин мактаб бошанд.