Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

23.05.2019 10:11, ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони азиз!

Мо имрӯз ба назди шумо, сокинони шарафманди деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара омадем, ки бо натиҷаҳои заҳмати созанда ва дастоварду комёбиҳоятон дар ҷодаи дастгирӣ кардану амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шавем.

Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии Тоҷикистон мебошад.

Дар асари “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимаи кишварамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст. 

Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудааст.

Ин ва бисёр далелҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки Пушинг аз қабили деҳаҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар замонҳои куҳани таърихӣ, ҳамчунин, бо номи Ҳушанг низ ёдовар  шудааст.

Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҳудуди деҳа осори се қабати таърихии рӯзгори сокинони он ошкор шудаанд, вале онҳо то ба ҳол мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд.

Дар ҳудуди деҳаи Пушинг се қалъа вуҷуд доштааст, ки бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиён хароб гардидааст.

Дар деҳа оташдонҳои оҳангудозӣ, шабакаҳои махсуси обёрӣ ва хатти оби ошомиданӣ фаъолият мекардаанд, ки нишонаҳои онҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар байни сокинони Пушинг ғайр аз кишоварзиву чорводорӣ, инчунин, ҳунарҳои кулолгарӣ, оҳангудозӣ ва косибӣ  низ ривоҷ доштаанд.

Пушинг, ҳамчунин, яке аз марказҳои илму фарҳанг ва ҳунармандии минтақа ба шумор мерафтааст. Сокинони он имрӯз низ омӯзиш ва пос доштани меросу анъанаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии гузаштагони некноми худро идомаи нек мебахшанд.  

Вобаста ба ин, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки доир ба омӯзиши мавзеъҳои таърихии ин гӯшаи диёрамон корҳои таҳқиқотиро ба роҳ монда, барои ҷалби сайёҳон ба ин макон маводи таблиғотӣ ва муаррификунандаи ҳунару фарҳанги сокинони онро таҳия ва интишор намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Деҳоти Пушинг соли 1932 таъсис ёфта, ҳоло аз 8 деҳа - Пушинг, Паркамчӣ, Ғиҷовак, Алиҷон, Моҳпора, Дилнишин, Шаршар, Олучадара иборат мебошад ва дар ҳудуди он қариб 15 000  нафар аҳолӣ кору зиндагӣ дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус, солҳои охир дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони заҳматпешаи он симои зоҳирии деҳаҳои Пушинг куллан дигаргун шуда истодааст.

Дар ин муддат тавассути сафарбар намудани захираву имкониятҳои худӣ қариб дар ҳамаи деҳаҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, филиали бонкҳо, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ, инчунин, боғҳои дарахтони мевадиҳанда ва ангурзорҳо бунёд гардидаанд. 

Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар саросари мамлакатамон корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён дошта, дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти деҳоти Пушинг дар ин гӯшаи зебоманзари кишварамон мувофиқи нақша бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро оғоз карда, аллакай, сохтмони зиёда аз 60 иншоотро ба анҷом расонидаанд.

Сокинони деҳоти Пушинг дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки деҳаи хушманзарашонро дар зарфи ду соли оянда бо заҳмати дастҷамъона ба як шаҳраки ободу зебои муосир табдил диҳанд.

Бинобар ин, ҳоло бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳот ва ноҳия бунёди боз садҳо иншооти дигар босуръат идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои ободонӣ бо қувваи худи мардуми деҳот ва бидуни ҷалби маблағҳои буҷетӣ амалӣ шуда истодаанд.

Имрӯз мо дар Пушинг намунаҳои заҳмати ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа - муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, таваллудхона ва гулгашти зебое,ки дар шафати он бунёд шудааст ва майдончаи муосири варзиширо ба истифода супоридем.

Ҳамчунин, роҳи мошингарди Данғара-Пушинг ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ, ки қариб 30 сол инҷониб бисёр харобу валангор буд, бо дастури Роҳбари давлат аз ҷониби ширкати “Роҳи Тоҷик” мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пурра азнавсозӣ  гардид.

Варзишгоҳи замонавие, ки ҳоло мулоқоти мову шумо дар он баргузор шуда истодааст, боз як намунаи ҳиммати соҳибкорону сокинони деҳа мебошад.

Илова бар ин, Роҳи Пушинг-Шаршар бо дарозии 3,5 километр аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ сангфарш гардидааст ва моҳҳои наздик мумфарш карда мешавад.

Дар баробари ин, кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои дохилии деҳаи Пушинг ба масофаи зиёда аз 16 километр мумфаршу чароғон гардида, дар атрофи онҳо ҳазорон бех дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудаанд.

Аксари иншооти таъиноти иҷтимоиву хизматрасонии дар ин деҳоти дурдасти ноҳияи Данғара бунёдшуда гувоҳи равшани дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” обод гардидани як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба пешвози сисолагии истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон мебошанд.

Чунонки зикр гардид, дар маркази деҳаи Пушинг мактаби ҳозиразамон барои 1520 нафар хонанда бо 30 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ ва толору майдончаи варзишӣ қомат афрохтааст, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳа шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони саховатманди деҳа барои беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба ҳамдеҳагони худ, пешгирӣ кардани бемориҳо ва коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак маркази саломатӣ азнавсозӣ гардида, дар шафати он таваллудхонаи муосири муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.

Бо иқдоми дастҷамъонаи сокинону соҳибкорон дар деҳа, инчунин, ҳавзи калони захираи об барои парвариши моҳӣ ва эҳтиёҷоти кишоварзӣ, ки дар маҷмӯъ, шаш гектарро ташкил дода, имкони то 400 гектар обёрӣ карданро дорад, дар давоми як сол азнавсозӣ шуда, дар он барои 10 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Бо дарназардошти он, ки сокинони деҳа беш аз сӣ сол инҷониб аз норасоии об танқисӣ мекашиданд, бо дастгириву маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳа панҷ чоҳи амудӣ ва ду обанбор бунёд шудааст, ки яке аз онҳо барои нигоҳдории оби ошомиданӣ ва дигаре ҳамчун ҳавзи моҳипарварӣ ва обёрии заминҳои кишоварзиву боғҳои деҳа истифода карда мешавад.

Бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ аз канали асосӣ ба масофаи 7,5 километр хатти оби ошомиданӣ кашида шуда, обанбор барои 500 метри мукааб бунёд гардидааст. Обёрии 500 гектар замини лалмии деҳа, парвариши дарахтони мевадиҳанда ба роҳ монда, барои минбаъд беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот сардхона бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот бунёд карда шудааст.

Раванди  корҳои ободонӣ дар дигар деҳоти Пушинг, аз ҷумла Дилнишин, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Алиҷон, Офтобрӯя, Шаршар, Олучадара ва Гули зиндон низ бомаром идома дошта, аз ҷониби соҳибкорону шахсони эҳсонкор мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта шудаанд.

Дар деҳаи Паркамчӣ бо иқдоми соҳибкорон мактаб ва таваллудхонаи муосир бунёд шуда, роҳҳои байни деҳа ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ азнавсозӣ гардидаанд. Дар деҳаи Ғиҷовак якуним километр роҳи дохилӣ мумфарш ва майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ин деҳа аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони бинои панҷошёнаи маркази саломатӣ, истироҳатгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ идома дорад.

Дар деҳаҳои Дилнишин ва Моҳпора аз ҳисоби соҳибкорон бунёди мактабҳои дуошёна барои 480 ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар деҳаи Алиҷон кӯчаҳои маркази деҳа ба масофаи қариб панҷ километр асфалтпӯш гардидаааст ва сохтмони ҳаммому маркази хизматрасонӣ идома дорад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар иншооти боқимонда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамаи нақшаҳои созандаи сокинони ноҳияи Данғара пурра амалӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки бо анҷом ёфтани бунёди ҳамаи иншооти бо иқдоми соҳибкорони саховатпеша оғозгардида мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ хеле осон гардида, барои зиндагиву фаъолияти сокинони деҳот шароити хеле мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки деҳоти Пушинг барои парвариши ангур, бахусус, навъҳои кишмишу тоифӣ ва дигар меваҳои содиротӣ, инчунин, сабзавоткорӣ, аз ҷумла пиёзу картошка имкониятҳои беҳтарин дорад.

Итминон дорам, ки кишоварзони соҳибтаҷрибаи деҳот бо истифода аз талу теппаҳо боғҳои нав бунёд карда, дар таъмин  намудани фаровонии бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҳозирини муҳтарам!

Хоҷагии деҳқонии “Лайло” яке аз хоҷагиҳои пешқадами деҳоти Пушинг буда, тайи солҳои охир бо заҳмати аҳлонаи аъзои он майдони зиёди заминҳои боир, яъне бекорхобида барқарор карда шудааст, ки ба беҳдошти рӯзгори сокинон ва фаровонии бозори истеъмолии ноҳия мусоидат карда истодааст.

Дар заминҳои хоҷагӣ, ки 30 гектарро ташкил медиҳанд, 12 гармхона бунёд карда шудааст, ки дар онҳо тамоми сол лимӯ, зироатҳои полезӣ ва дигар сабзавот парвариш карда мешаванд ва 30 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Инчунин, дар масоҳати ду гектар парвариши се навъи ангур ба роҳ монда шудааст ва дар майдони беш аз 5 гектар картошка ва 25 гектар дарахтони мевадиҳанда шинонида шудаанд, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд. Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили боғҳо сардхона бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот сохта шудааст.

Аъзои хоҷагии деҳқонии мазкур аз ҳисоби даромади худ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Олучадара бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, ба истифода додаанд.

Дар иншооти зикршудаи ҳудуди деҳоти Пушинг, дар маҷмӯъ, 110 ҷойи нави корӣ муҳайё шудааст, ки албатта, боиси таҳсин мебошад.

Дар иртибот ба корҳои ободиву созандаи зикршуда ба хурду бузурги сокинони деҳоти Пушинг, ҳамаи фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланд барои иқдому ташаббусҳои ватанпарастонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёрамон сипоси бепоён изҳор менамоям.

Аҳсан ба шумо, барои ташаббусҳои наҷиб ва заҳмати ватандӯстона!

Бо қаноатмандӣ ва итминони комил иброз медорам, ки мардуми деҳоти Пушинг дар ҷодаи заҳмати созанда ба хотири таҷлили ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон намунаи ибрати дигарон хоҳанд буд.

Ҳамчунин, бо итминон иброз медорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон соҳибкорону тоҷирон ва шахсони эҳсонкори деҳоти Пушинг дар баробари иҷрои корҳои ободониву созандагӣ, инчунин, бо амалҳои хайру савоби хеш кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, беморон ва камбизоатону эҳтиёҷмандон дареғ намедоранд.

Бовар дорам, ки сокинони меҳмоннавозу заҳматпешаи ноҳияи Данғара, аз ҷумла деҳоти Пушинг дар баробари мардуми шарафманди мамлакат минбаъд низ барои дар сатҳи баланд ва бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон-Тоҷикистон дучанд заҳмат кашида, ноҳия ва деҳоти худро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Мардуми шарафманди ноҳияи Данғара ва деҳоти Пушинг солҳои охир бо рӯҳияи баланди миллӣ ва бо заҳмати софдилонаашон исбот карда истодаанд, ки метавонанд бо амалҳои неки ободгаронаашон барои фарзандони худ як мулки ободу пешрафтаро ба мерос гузоранд.

Дар ин роҳи пуршарафи ободкорӣ ба ҳамаи шумо барору комёбӣ мехоҳам.

Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

барчасп: