Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 26-уми майи соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид хоҳад буд, боронҳои сел, жола, раъду барқ, дар маҳалҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои зиёду сеолсо меборад. Обуҳавошиносон ҳамчунин бодҳои пуршиддатро пешбинӣ мекунанд, ки сабабгори ба вуҷуд омадани гарду чанги зиёд ва тӯфони чангӣ мешавад.
Боронҳои пуршиддат дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ метавонанд муҷиби рониши замин шаванд, сатҳи оби рӯдхонаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо боло равад, хатари ба соҳил расидани туғёни об зиёд аст.
Лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳои азим низ аз эҳтимол дур нест. Ҳавои номусоид кори чорвочарониро дар чарогоҳҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳо аз сафар ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо худдорӣ варзанд, ба ғунучини занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, нараванд. Ба кӯдакон бештар диққат диҳанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.
Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо дар наздикии махзанҳои об набошанд.
КҲФ бори дигар ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот ва назди кӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, ёдовар мешавад, ки мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳои ҳамроҳ гиранд, дорухонаи хонаро бо доруҳои зарурӣ пур кунанд ва системаи иловагии эҳтиётии рушанидиҳанда дошта бошанд.
КҲФ ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ба мақсади роҳ надодан ба пуршавии ҷӯйборҳо аз обҳои борон пайваста онҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.
Кумита аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад ҳамеша хабарҳоро аз тариқи сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ВКД ва Вазорати нақлиёт пайгирӣ намоянд.