Мулоқоти генерал Шоҳиён бо кормандони Раёсати Кумита дар Суғд

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Р.Шоҳиён бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар ин вилояти Суғд дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар мулоқот ҳайати шахсии Раёсати вилоят, сардорон ва афсарони шўъбаҳо, бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҳайати роҳбарикунандаи қисми ҳарбии Кумита, ки дар вилояти Суғд ҷойгир аст, ширкат намуданд.

Генерал-майор Р.Шоҳиён зимни суханронии худ оид ба вохӯрии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, гумрук, андоз ва бонкҳои ҷумҳурӣ, ки санаи 10 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳарф заданд.

Муовини якуми Раиси Кумита бештар дар бораи ҷурму ҷиноятҳое сухан ронданд, ки хислати коррупсионӣ доранд ва аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, мансабдорони зинаҳои мухталиф ва шаҳрвандони қаторӣ содир мешаванд.

Ҳамчунин, ҳангоми баромади худ муовини якуми Раиси Кумита дар бораи пешгирии ҳолатҳои изофанависӣ ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои фавқулодда сухан ронда, таъкид намуданд, ки  кормандони Кумита бояд ҳама корро анҷом диҳанд, то ба ин корҳои ношоиста даст назананд.  Дар баромад қайд гардид, ки  дар кишвар механизми ҳисоби зарарҳои воридшуда вуҷуд дорад ва бо истифода аз салоҳиятҳои касбӣ бояд дуруст ҳисобу китоб кард.

Инчунин оид ба таҷлили 25 - солагии таъсисёбии Кумита ва дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ин чорабинӣ ба мутасаддиён супоришҳои мушаххсас дода шуд.

Дар охир муовини якуми Раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён доир ба ҷоннок намудани фаъолият дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати касбии хизматчиёни ҳарбӣ, омодагии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ таъкид намуданд.

барчасп: