Мавсими оббозӣ фаро мерасад: Дар соҳили рӯдхонаву обанборҳо эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳангоми истироҳат дар назди махзанҳои об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дар ҳавои гарм маъмулан одамон ба истироҳату фароғат дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ниёз пайдо мекунанд. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳузур дар  махзанҳои об оқибатҳои нохӯш дошта метавонад. Дар бисёр ҳолатҳо ғарқи об шудан ва ба ҳалокат расидани одамон ба қайд гирифта шудаанд.

Оморҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехтарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуданд. 27 нафари онҳо бачаҳои то даҳсола, 23 нафар то 17-сола. 48 нафар аз ҷумлаи ғарқи обшудагон касони то 35-сола буданд.

Таҷрибаҳо нишон додааст, ки беназорат мондани бачаҳо дар соҳилҳо басо хатарноканд. Тифл ҳатто метавонад рӯ ба об афтад ва дигар маҷоли хестан наёфта нафасгир шавад ва бимирад. 

Барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об бояд қоидаҳои бехатариро донист. Аз ҷумла:

- аксари одамон аз аз он сабаб дар об ғарқ мешаванд, ки хуб шиноварӣ наметавонанд, балки шинокунон дур мераванд ва ногаҳон ба воҳима дода мешаванд, вале боз ҳам ба қувваи худ ба бозгашти солим ба соҳил умед мебанданд;

- танҳо баъди 1,5-2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард;

-то назди заврақҳои моторӣ шино накунед. Ҳангоме онҳо наздик меоянд, сатҳи об боло меравад ва чун мегузаранд, фаврӣ он сатҳ поин мешавад ва метавонад шуморо ба соҳил партов кунад;

- дар ҷойе, ки обсабзҳо дида мешаванд, набояд шино кард, ки хабари печидану дар гирдоби он мондан дорад;

- набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд. 

 

- дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;

- дар об саргарми ҳар гуна бозиҳои аз дасту пой доштан ва ҳаракатро маҳдуд сохтан  нашавед;

- ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзед ва ҳангоми дар наздикии об будан онњоро беназорат нагузоред;

- дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;

- дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва ин гуна аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед.

- агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, то метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед; 

- дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;

- агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар руи об истироҳат кунед, барои ин  бозувон ва пойҳоятонро љафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;

- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;

- агар шумо дар ҷараёни об мондед, диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;

Ҳангоми расонидани ёрии аввал зарур аст:

1. Ҷабрдидаро сар ба поён кунед. Даҳонашро пок карда, то решаи забонаш фишор оред. Дар сурати пайдо шудани рефлексҳои қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра  холӣ шавад.

2. Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роњи мањси ќафаси сина ва ишкам берун бароред.

3. “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намоед.

Агар худ ғарқ мешавӣ:

1. Ба воҳима дода нашав!

2. Барои он ки аз оби воридшуда ба роҳҳои нафаскашӣ худро халос кунӣ, бояд фавран дар ҷойе қарор гирифт ва бо ҳаракати дасту пой худро дар болои об нигоҳ дошт ва сарро то ҳадде боло карда, сахт бояд сулфид.

Маслиҳатҳо ба ҳолатҳои  ниҳоӣ:

1. Вақте ба мавҷи тез меафтед, набояд зидди он ҳаракат кунед, балки нафаскаширо қатъ накарда, бо ҷараёни он ба самти соҳил ҳаркат намоед.
 2. Дар гирдоб афтода, бояд бештар шуши худро аз ҳаво пур кунед, бо ҷаҳиш ба як сӯ, болои об ҳаракат намоед.

3. Дар мавҷи об шино карда, ба нафасгирии худ таваҷҷӯҳ намоед. Вақте ба муқобили мавҷи об шино мекунед, бояд оромона болои мавҷ баромада, баробари он ҳаракат кунед.    

Маълумоти аз ин бештарро дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар об аз ин ҷо бихонед:

Инро донед, то ҳаётатон зери хатар набошад!

Ва боз: Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳалатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш шумо метавонед ба қис ми навбатдории фаврии КҲФ бо телефонҳои:

93 880 28 19,
221-91-19,
223-13-11
муроҷиат намоед!