Вохурӣ бо намояндаи Прократураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе

10 майи соли 2019 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории бо намояндаи Прократураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе полковники адлия Икромзода Маҳмадсаид - прокурори криминалистии Прократураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе вохурӣ баргузор гашт.

Вохурӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба иҷрои талаботҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва оид ба иҷрои талаботҳои Нақшаи гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани Стратегияи мазкур, ки байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрократураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ташкил шуд.

Дар вохурӣ Икромзода Маҳмадсаид оид ба талаботҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ба ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои он маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар охир миёни иштирокчиён ва намояндаи Прократураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе полковники адлия Икромзода Маҳмадсаид табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: