Насби лавҳаҳои ҳушдордиҳанда дар соҳили дарёи Сир

Фасли гармо наздик мешавад ва ин ба он маъност, ки тобистони гарм ба истиқбол меояд. Ҳар фасл ташвише дорад, гармо низ. Дар гармо  мардум бештар майли тафреҳгоҳҳои соҳилиобӣ мекунанд. Бахусус, дар тобистон соҳили рӯдхонаҳову ҳавзҳо, каналҳо ва обанборҳо лабрез аз одамон мешаванд. Мавсим мавсими оббозист. Вилояти Суғд ҳудуди обии васеъ дорад ва кормандони хадамоти наҷом имрӯзҳо омодагӣ ба мавсими оббозиро шурӯъ кардаанд. Ҳар сол аз надонистаи қоидаҳои оббозӣ одамон ҳангоми оббозӣ қурбон мешаванд. Волидоне ҳастанд, ки бачаҳоро беназорат мегузоранд ва ин низ баъзан боиси фоҷеа мешавад.

Кормандони Раёсати Кумиттаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳоло даст ба корҳои таблиғотӣ задаанд. Дар марҳилаи аввали ин корҳо насби эълону лавҳаҳо дар ҷойҳое буд, ки оббозӣ номумкин аст. 

Чунин як амали пешгирикунанда аз тарафи бахши кор бо ҷомеаи Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Бо ҷалби рўзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма дар минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сир, ки барои шиноварӣ хавфу хатар эҷод мекунаду бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, тез будани маҷрои об, гирдобҳо аз тарафи мутахассисон барои оббозӣ манъ карда шудааст лавҳахои иттилоотӣ насб карда шуданд.

Дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қариб ба масоҳати наздик ба 10 километрро дар бар мегирад, соҳили он бо гарм шудани ҳарорати ҳаво меҳмонон ва сокинонро барои шиноварӣ ва истироҳату сайру гашт ба худ ҷалб мекунад. Ҳастанд мавзеъҳое, ки барои ҳаёти инсон хатар эҷод мекунад. Аз тарафи навбатдорони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҳамарўза дар мавзеъҳои мазкур бо истифода аз заврақҳои наҷот назорати патрулӣ гузаронида мешаванд. Дар мавсими тобистони соли гузашта 3 нафар сокинон аз ҳолати ногувори ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо
ҷомеаи Раёсат
, лейтенант.

барчасп: