Лаҳзаҳои хотираҳо: Мулоқоти ҳайати шахсии Раёсати Хатлон бо собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Чӣ солҳое гузаштанд. Ҳафтоду чаҳор соли пурра моро аз муждаи пирӯзӣ дар хунинтарин ҷанги олам ҷудо мекунад. Муждае, ки кишвари паҳновари Шӯроҳо муддати панҷ сол интизорӣ мекашид. Ва ин муждаро миллионҳо тан бо ашки шодӣ шуниданд. Имрӯз аз он ёдҳои талхе монда. Ҳамоно доғи ҷанг аз қалби сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нарафта. Ва ҳамагӣ чанд рӯз пештар хабаре расонаӣ шуд, ки духтари як ширкаткунандаи ҷанг, ки ҳоло беш аз 70 сол дорад, ба тозагӣ хабари марги падари худро дарёфтааст. Тӯли 70 сол ин хонадон ба марги вай бовар надоштанд, чун далеле набуд, хате наёмада буд, роҳ мепоиданд, ки рӯзе зинда аз дар медарояд.  Ва ин гуна сарнавишт басо зиёд аст. Як ҳиссаи аз онро собиқадори ҷанг Сафаралӣ Файзалиев дар дидораш бо ҳайати шахсии КҲФ дар Хатлон ҳикоят кард.

Бахшида ба 74-умин солгарди Ғалаба ба фашизм дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев багузор шуд. 

Сафаралӣ Файзалиев дар ин мулоқот қиссаҳои ҷангии худро ба ҷамъомадагон нақл кард. Аҷаб рӯзгореро пеши назар овард. Рӯзгоре, ки бо гузашти солҳо дар хотираҳо тира мешавад, чун ширкаткунандагони он набардҳои сангину ваҳшатзо яке паси дигар тарки олам мекунанд.

Нақли бобои Сафарлӣ бори дигар хотираҳоро ба гузашта зинда кард ва дар поёни нишаст гуфт, ки мулоқот бо ҳайати шахсии КҲФ мисли он буд, ки он лаҳазоти зиндагии даврони ҷангиашро дубора дар рӯ ба рӯ дид.  

Собиқадори ҷанг, ки акнун як марди солмандест, чӣ ширину хуш аз он рӯзгор ёд кард. Замоне, ки хеле ҷавон ба сафи Артиши Сурх даъват шуд ва то охири ҷанг дар ҷабаҳоти мухталиф сангардорӣ мекард, ҳар ваҷаб хоки меҳанро қатори дигар ҳамсилоҳонаш аз душмани ғаддор ҳифз менамуд.

Дар аснои ёдҳои куҳан аз гузаштаи чандин тан аз ҳамсилоҳонаш, ки дар набард шаҳди шаҳодат нӯшиданд, ёд намуд. Гуфт, онҳо буданд, ки бо қатраҳои хуни худ Ватани паҳноварро аз гитлерчиён ҳифозат карданд.  

Кормандони Раёсат дар поёни ин нишаст ба собиқадори ҷанг барои ин мулоқоти хубаш ва қиссаҳои талху ширинаш аз замони ҷанг изҳори ташакукур намуданд. 

барчасп: