Бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ ва баланд бардоштани малакаҳои касбии Воҳиди наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон дар қаламрави ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҷамоати Доғистон, деҳаи “Дараи об” дарси навбатии амалӣ дар мавзӯъи “Амали ҳайати шахсии воҳидҳои наҷоти вокуниши сареъи Кумита ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои садамавиву наҷот дар кӯҳҳо” баргузор шуд.
Дар ҷараёни тамринҳо наҷотдиҳандагон амалҳо оид ба интиқоли ҷабрдиагон дар занбарҳо аз сахраҳо, расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ, ҳамчунин кӯчонидани одамон аз доманакӯҳҳо ба маконҳои бехатарро иҷро карданд.
Тамринҳо имкон медиҳанд, ки наҷотдиҳандагон сатҳи малкаҳои касбии худро боло бардоранд ва худро ба мубориза зидди офатҳои табии эҳтимолӣ омода созанд.