Фестивали “Сад ранги чакан” дар Раёсатҳои Суғд ва Хатлон

Сад ранги чакан

Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд Фестивали   «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ намоиши либосҳои чакан баргузор шуд ва дар он ҳунармандон аз ҷумлаи кормандони КҲФ дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Чорабинии “Сад ранги чакан” дар 6 номинатсия – чакан либоси қадимӣ, либоси бачагона, либоси ҳамарӯзӣ, либос барои тантанаву идҳо, либоси расмӣ, навъҳои гуногуни дастдӯзиҳои чакан баргузор шуд.

Ҳадафи гузаронидани фестивал таблиғи ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллӣ мебошад. Миллати тоҷик бо ҳунарҳои пурғановати худ шуҳрати олам дорад. Ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд.Чи ҳунарҳои зебо дорем, ки ҳар кадомеро достонест.  Адрасбофӣ, бофандагӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, гилембофӣ, гаҳворасозӣ, танўрсозӣ, кашфдўзӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, наботпазӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдўзӣ, табақтарошӣ, ҷомадўзӣ, ҷўроббофӣ, чармгарӣ, шамшерсозӣ..Ва метавон ин рӯйхатро то ба беохир идома дод. Ва чакандӯзӣ низ аз ин ҷумла аст.    

 Дар иди Наврўз аксари бонувони мо чакан мепӯшанд, ки ба қаду басти зебо, рўи гулгун , чашмони сиёҳ ва абрўвони сиёҳи қалами духтарони тоҷик бисёр шинам меафтад. Чакан дар навтарин ва зеботарин матъоҳо либосҳои муди имрўза дар байни занҳо машҳур аст. Аз ин рў азиз асту ҳеҷ гоҳ аз мўд намеравад, балки дар замимаи завқу хумори чеварон зебу зинати нав мегирад. Пеш куртаҳои чакан бисёр васеъ дўхта мешуданд. Ҳоло бо мурури замон бо муди нави замонавӣ гирифта шуда, ба қаду басти духтарону занон мувофиқат дўхта мешавад.

Ҳунари чанкандӯзӣ сол то сол рушд мекунад, нумӯъ дорад.

барчасп: