Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз шаби гузашта мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд. Мақомот бо пахши эълони тоза ба равуои мошинҳо иҷозат доданд. Шоҳзода Бутаева, ҳамкори мо дар вилояти Суғд бо тайиди ин хабар афзуд, ки субҳи рӯзи 2-уми май, тахминан соати 06:40 дақиқа бар асари лағзиши як кӯҳпораи азим дар мавзеъи Чоре-Пойимазори ноҳияи Айнӣ роҳ баста шуд ва равуои мошинҳо аз ду ҷониб мутаваққиф гардид. Кӯҳпора ба ҳаҷм то 50 метр дарозиву то 5 метр баландӣ дошт.

Ситоди фаврии бартарафсозии ҳолати фавқулода аз ҳисоби идораҳои дахлдор таъсис шуд. Барои бартарафсозии кӯҳпораи чаппашуда ва кушодани роҳ 4 адад техникаи рошкушо, ду техникаи борбардори хадамоти роҳи ноҳияи Айнӣ ва 2 адад техникаи роҳтозакунии ширкати IRS ҷалб карда шуданд.

Соати 12:30 дақиқа корҳои поксозӣ анҷом шудан ва ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода шуд.

Шоҳзода Бутаева ҳамчунин хабар дод, ки ин лағзиши кӯҳпораи азим талафоти ҷонӣ надошт.

барчасп: