Санҷиши омодагии тафреҳгоҳҳои тобистона дар ноҳияи Шаҳристон

Дар идомаи сафари хизматӣ гурўҳи кории роҳандозии корҳои таблиғотӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаитабиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла омадани сел, лағзиши тарма, резиши санг, лағҷиши замин, заминларза, газидани ҳашароту хазандаҳо,пешгирии ҳодисаҳои нохӯши ғарқшавӣ ҳамзамон расонидани ёриҳои аввалин ба осебдидагон вориди ноҳияи Шаҳристон шуд.

Ҳайати эъзомии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар ин ноҳия бо ширкати  муовини Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Шаҳристон ва сарвари истироҳатгоҳи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ЭДЕЛВЕЙС”-и ноҳия бо сокинон мулоқот баргузор намуд. Сардори бахши Раёсат дар ноҳияи Шаҳристон майор ХуршедМуродов аз вазъи корҳои омодагӣ ба истироҳати тобистона ва ҷараёни корҳои таблиғотӣ дар мавриди пешгирӣ аз офатҳои табиӣ маълумот дод.

Масъулини Раёсат таъкид намуданд, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартараф намудани оқибатҳои он аст, вобаста ба индар баробари фароҳам овардани шарту шароитҳо барои қабули истироҳаткунандагон дар тавреҳгоҳҳо бояд аз тарафи шахсони масъул бехатарии шаҳрвандон ва меҳмонон таъмин гардад. Мизбонӣ тақозо мекунад, ки истироҳати меҳмон хушу гуворо гузарад.

Таваччуҳи ҳозирин ба ин масъалаҳо ҷалб карда шуд:

  • таъмини бехатарии кӯдакони хурдсол, хонандагони мактабҳои миёна, меҳмонон ҳангоми гаштугузордар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳ, хусусан дар “ОЙДИНКӮЛ”
  • ба инобат гирифтани вазъи саломатии ширкаткунандагони гаштугузор ба минтақаҳои кўҳӣ ва доманакўҳӣ;
  • зери назорати қатъӣ қарор гирифтани реҷаи рӯзи ташрифоварандагон;
  • роҳандозии корҳои пешгирикунанда аз ҳоводиси нохуш;
  • ба онҳо омӯзонидани риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, сайру гашт,  зисту зиндагони дар мавзеи мазкур;
  • расонидани ёрии аввалини тиббӣ, амал ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуш, газидани ҳашароту хазандаҳо, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён.
  • риоя намудан ва пешгирии бехатарии аҳолӣ аз ғарқшавӣ дар кӯлу, обанборҳо, дарёҳо, ҳавзҳо, каналҳо, назорати маконҳое, ки оббозиро манъ мекунад, фаҳмонидани сабабҳои манъи оббозӣ ва насби лавҳаву эълонҳое, ки аз хатари оббозӣ дар чунин мавзеъҳо манъ мекунанд;
  • таъсис додан ва пурзӯр намудани назорати патрули дар мавзеи мазкур;

Маврид ба зикр аст, ки истироҳатгоҳи “ЭДЕЛВЕЙС”-и ноҳияи Шаҳристон урдугоҳ барои мактабиён буда, ҳамасола моҳҳои июн-август хонандагони мактабҳои миёнаро барои гузаронидани таътили тобистона қабул менамояд. Ҳамзамонба реҷаи будубошимактабиён гаштугузор ба мавзеи “Ойдинкўл”  ворид карда шудааст.

Ойдинкўл дар баландкўҳҳои ноҳияи Шаҳристон ҷойгир буда, барои аз наздик шиносоӣ пайдо намудани хонандагон аз мавзеи мазкур аз тарафи масъулини урдугоҳ микроавтобусҳо ташкил карда шудааст. Аз лиҳози он, ки иқлими Шаҳристон серунтар аст оби кўл дар давоми сол сард буда, барои шиноварӣ хатарнок мебошад ваметавонад аз худ паёмадҳои нохуш боқӣ гузорад.

Дар ҳамин иртибот барои андешидани чораҳои зарурӣ гурўҳи корӣ тасмим гирифт, ки баҳри таъмини бехатарии ширкаткунандагон дар мавсими тобистон шахсони масъул аз имрўз омодагии ҳамаҷониба бинанд,камбудиҳоро бартараф созанд, зеро ҳифзи сиҳативу саломатии миллат, насли ояндасози давлат вазифаи муқаддаси наҷотдиҳандагон мебошад.

Шоҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат, лейтенант

барчасп: