Машғулиятҳои таълимӣ бо сармутахассисон оид ба мудофиаи граждании вазорату идораҳои кишвар дар самти мудофиаи гражданӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан дар масъалаҳои вобаста ба мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо, хадамотҳо ва муассисаҳои кишвар тамоми чораҳоро меандешад.

Ҳамин тавр,  дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи кории Кумита дар соли 2019 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятғои таълимии се рӯза баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур сармутахассисон оид ба масъалаҳои мудофиаи граждании вазоратғо, кумитаҳо раёсатҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони вазорату идораҳои аъзои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва хадамотҳои мудофиаи граждании ҷумҳурӣ  ҷамъомади таълимӣ-методӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохурӣ ба шунавандагон дар баробари нақшаи таълимӣ маълумоти муфассал оид ба Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи миллӣ оид ба коҳиш додани хавфи офтаҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 пешниҳод карда шуд. Инчунин, дар рафти омӯзиш савол ва ҷавоб ба миён омад.

Ба намояндагони вазорату идораҳо кормандони масъули Кумита маълумот доданд.

барчасп: