Вазъи ҳавои кишвар ва ҳолатҳои фавқулодда дар моҳи аввали соли 2019

Аз аввали соли равон бар асари 110 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар  8 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Агентии ҳавошиносии мамлакат ахиран эълон кард, ки то 1 феврали соли равон хатари лағзиши тармаву санг вуҷуд хоҳад дошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳоло ҳам дар ин гуна ҳаво аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти одамон новобаста ба фасли сол ҳамеша омода аст. Наҷотдиҳандагон дар ҳама ҳолатҳои техногениву табиӣ, садамаҳо ба ёрӣ мешитобанд, барои наҷоти дармондагону офатзадагон шабонарӯзӣ дар роҳҳо навбатдорӣ мекунанд. Ва ин низом дар кулли қаламрави кишвар ба роҳ монда шудааст. 

Кормандони хадамоти наҷот бештар ба роҳҳои мошингард таваҷҷӯҳ мекунанд, то ин роҳҳо ҳамеша барои равуои мошинҳо омода бошанд. Бахусус, ин гуна омодагиҳо дар фасли зимистон, ки роҳҳоро барфтӯдаҳо мебанданд, яхӣ мешаванд, лағзиши тарма ҳаракати мошинҳоро бозмедорад, муҳиманд.   

Бо мақсади роҳандозии чорабиниҳои пешгирикунанда дар мавриди рӯйдодҳои эҳтимолии табиӣ ва техногенӣ Кумита ба таври доимӣ бо Агентии ҳавошиносии кишвар хабару огоҳиҳо ва тавсияномаҳоро  аз тариқи ВАО миёни аҳолӣ паҳн мекунанд. 

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт Кумита дар қитъаҳои роҳҳои осебпазире чун Майхураи ноҳияи Варзоб, километрҳои 62 ва 72 роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, километри 457 роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ гурӯҳҳои зудамали наҷоти воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита иборат аз 4 то 6 нафар, ҳамчунин дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингради байналмилалии Душанбе-Лахш-Қарамиқ аз ҳисоби кормандони КҲФ дар минтақаи Рашт якҷо бо аъзои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Рашт мониторинги ҳолати роҳҳо гузаронида мешавад.

Гурӯҳҳои зудамали КҲФ, ки ин қитъаҳои роҳҳоро назорат мекунанд, бо техникаи зарурӣ, воситаҳои алоқа таъминанд ва қобилияти расонидаи кумаки аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро низ доранд. 

Ғайр аз ин бо мақсади омӯзиши ҳолати роҳҳои осебпазир, ки хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад, аз 17 январи соли 2019 дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ гурӯҳе муташаккил аз кормандони КҲФ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи ширкати  «Innovative Road  Solutions  (IRS)» бо ёрии квадрокоптерҳо (ҳавопаймои хурди бесарнишин) мавзеъро аз назар гузарониданд. Ин амал имкон дод, ки дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ ва сарифақтӣ ба даст ояд ва ин барои андешидани чораҳои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолаҳои фавқулодда мусоидат кард. 

То ба имрӯз аз аввали сол 110 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат то 1 феврали соли равон хатари лағзиши тармаву санг вуҷуд хоҳад дошт.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор ва ҳангоми ҳаракат ва сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд. Хуб мешавад агар муваққатан аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.

барчасп: