ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ДАҲСОЛАЕ, КИ БА МАНФИАТИ ТАМОМИ МАРДУМИ ҶАҲОН АСТ

Кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масоили марбут ба камчинии об эътироф шудааст. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Маҷмаи кулли СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» - ро қабул кард, ки айни замон амалисозии он идома дорад.

Мушкилоти мазкур борҳо омили буҳрон ва вазъи муташанниҷи  иҷтимоӣ гашта, бо пешрафти иқтисодиёт, хосса саноат,  норасоии об ва буҳронҳо аз ин ҳисоб тавсеа ёфтанд. Давоми  асри гузашта бо сабаби зиёд гаштани шумораи аҳолӣ ва корхонаҳо талабот ба  об нисбат ба пештара сездаҳ маротиба афзудааст. Айни замон масъалаи номбурда яке аз мушкилоти ҳалталаби ҷаҳонӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло зиёда аз 1,2 миллиард инсон дар шароити доимии норасоии об қарор дошта, тақрибан 2 миллиард нафар мунтазам аз беобӣ азият мекашад ва ин мушкил  пайваста шадидтар мешавад. Ин ҳол   барои иқтисод ва дар маҷмӯъ, барои рушди устувори инсоният монеа пеш мегузорад. 
Ҳоло давлатҳои ҷаҳон барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба об аз роҳу усулҳои гуногуни илмию техникӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла, воридоту содироти об, истифодаи сарфакоронаи он, бунёди обанборҳои сунъӣ ва  соф намудани обҳои шӯри баҳр ё зеризаминӣ. 
Дар асоси ба роҳ мондани воридоту содироти об кишварҳои сероб мамлакатҳои дигарро бо об таъмин менамоянд. Аз ҷумла, барои содироти об  байни Туркия ва Исроил ба муддати бист сол аҳднома ба имзо расидааст, ки тибқи он  барои интиқоли об тавассути баҳр 0,7 доллар барои як метри мукааб об пардохт мешавад.  
Дар натиҷаи сохтани обанборҳои сунъӣ кишварҳо дар ҳолати зарурӣ эҳтиёҷоти аҳолии худро бо об таъмин менамоянд. Ҳамчунин, дар биёбони Қароқуми  Туркманистон татбиқи лоиҳаи бунёди обанбори бузурги ҷаҳон ба маблағи 12 миллиард доллар пешбинӣ шудааст, ки ҷараёни сохтмони он 20 сол давом меёбад. Бо вуҷуди ин, ҳолати таъминоти об дар минтақа ҳоло мураккаб аст, зеро дар шароити биёбон талафот ва бухоршавии об зиёд мебошад.  
Сарфакорӣ дар истифодаи об низ аз роҳҳои муҳими беҳбудӣ бахшидани вазъи таъминоти об дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин хусус  Конгресси Амрико аллакай соли 1992 қонуни махсусеро оид ба 70 дарсад коҳиш додани ҳаҷми истифодаи об  барои эҳтиёҷоти коммуналӣ ба тасвиб расонда буд. Гузашта аз ин, бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо об дар кишварҳои ҷаҳон коркарди оби баҳр бо суръати зиёд густариш меёбад. Агар соли 1960 соф намудани об 0,09 километри мукаабро ташкил медод, соли 1985 нишондоди мазкур ба 7,5 километри мукааб ва  соли 2000 ба  15,3 километри мукааб расидааст, ки аз нуфузи бештар пайдо намудани масоили вобаста ба об шаҳодат медиҳанд.

Бо  ташаббуси инсондӯстонаи Сарвари давлат ҳоло кишварҳои ҷаҳон имконият пайдо намуданд, ки дар доираи амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» барои ҳалли масъалаи об, истифодаи захираҳои обӣ ва коҳиш додани беобӣ ҳамкориро густариш бахшида, аз роҳу усулҳои гуногуни илмию техникии замон истифода баранд ва мушкилоти дастрасӣ ба обро якҷо ҳал кунанд.


Муслиҳиддин НУРЗОДА, аспиранти ДМТ

Бозчоп аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 29.01.19