Садриддин Айнӣ: "Босмачиён дузду ғаддору хунхоранд"

Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ дар суханронии мустақим ва пайрави ӯ Саидюнуси Истаравшанӣ дар баёни фикри худ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ қӯрбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег, Фузайл Махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда, бори дигар ба мардуми олам чеҳраи аслии худро намоиш доданд.

Таърих аҷиб гардише дорад, бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд. Калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ" қариб фаромӯш шуда буд, аммо дар  ин айём пайравони ТТЭ ҳизби хиёнаткори наҳзат ва Саидюнуси Истаравшанӣ он босмачиҳое, ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ, таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда, дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ  шинохта шуда буданд, ҳимоя мекунанд.

Онҳо аз истифодаи калимаҳои ҷиҳод, муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебаранд, зеро ин мафҳумҳо, саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти ҳизби хиёнаткори наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронанд, мепӯшонанд ва барои ба даст овардани маблағҳои муфт сабаб мешаванд.

Саркардагони ин ҳизб солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда, хуни мардумро рехтанд ва дар майдони «Шаҳидон» чунин эълон намуданд:"Куштӣ ғозӣ мешавӣ, кушта шавӣ шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат меравӣ" ва имрӯз бошад, тариқи шабакаҳои интернетӣ, ҳамон фатвои бе аслро пеш оварда, босмачӣ ва қӯрбошиҳоро муҷоҳид, мубориз ва шаҳид эълон намуданд.

Аз ин суханҳои бемантиқ маълум мешавад, ки фирориёни ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаки онҳо Саидюнус аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ, ки хиёнаткор ҳастанд, хиёнаткоронро ҳимоя ва ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд. Халқи одӣ аз дасти онҳо чи азобу уқубату машаққате дидааст, онро намегӯянд ва даъво мекунанд, ки Иброҳимбег, Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Ҳақиқати ҳолро Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд: "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору  яғмогару хунхоранд". Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.
Ҳусайн МӮСОЗОДА, сархатиби вилояти Суғд

Бозчоп аз рузномаи “Ҷумҳурият  аз 29.01.2019  №:21-22

барчасп: