Бар асари суқути чархболи ёрии таъҷилӣ дар иёлоти Огайои ИМА се сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ширкати телевизионии АBC истинодан ба манбаъҳои давлатӣ рӯзи 30 январ хабар дод.
Тибқи иттилои расида дар ҷойи ҳодиса ҷасади 3 халабони чархбол пайдо шудааст. Ин фоҷеа субҳи имрӯз, 30 январ каме дуртар аз рустои Залески, воқеъ дар 112 километрии ҷанубу-шарқии Колумбус рух додааст. Чархбол, ки мансуб ба хадамоти Survival Flight будааст, ба самти шаҳри Померой дар ҳоли парвоз буд ва мехост аз он ҷо бемореро интиқолд диҳад.
Дар айни замон сабаби суқуқти чархбол маълум нест. Гуфта мешавад, ки каме пештар аз ба замин задани чархбол иртибот бо сарнишинони он гум шуда буд.
Маврид ба ёдоварист, ки пештар аз ин дар Австралия низ як чархбол дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор сарнагун шуда буд. Дар Алп бошад ҳавопаймое, ки сайёҳонро интиқол медод, бо чархбол бархӯрда буд.