Давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони ҷавони хадамоти зидди жола

Бо мақсади омӯзиш ва бозомӯзии кормандони хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои нави омӯзишии такмили ихтисос шуруъ гаштанд.

Коршиносону мутахассисони пешрави ин соҳа кормандони ҷавонро бо низоми ташкил ва гузаронидани зироатҳои кишоварзӣ аз жола бо усули назорати радиолакатсионӣ, шинохти объекстҳои таъсир, гузаронидани амалиётҳои дигари зидди жола омӯзиш медиҳанд.  

Ҳамчунин шунавандагон имкон доранд бо меъёрбандиҳои хароҷоти дастгоҳҳои зидди жола, ҳуҷҷатикунонии раванди таъсири фаъол дар жола, арзёбиҳои физикӣ ва самаранокии иқтисодӣ, ҳамчунин омодагии фаврӣ ва ҳисоботи ҷамъбастиро омӯзанд. 

Ғайр аз ин кормандони хадамоти зидди жола дар ҷараёни омӯзиш   нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро низ хоҳанд омӯхт.

барчасп: