Дар рӯзҳое, ки барфи шадид меборид ва аз лағзиши тарма роҳҳо дар баъзе минтақаҳои ВМКБ баста мешуданд, дар баробари кумак ба дармондагону ёрӣ барои раҳоӣ аз бунбастҳо ва поккории роҳҳо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят ба омӯзишҳои амалӣ низ пардохтанд. Мавзуъи ин омӯзишҳо мутобиқ ба ҳамин рӯйдодҳо буд ва вокуниш ба офатҳои табииро назариявӣ ва амалӣ меомӯхт.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тибқи «Нақшаи чорабиниҳои асосии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибаҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019», ки бо қарори Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 5 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст, рӯзи 23-уми январи соли 2019 «Ҷамъомади таълимӣ-методӣ» бо сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва сардорони зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор намуд.
Дар доираи мавзуъи омӯзиш тамринҳои амалӣ низ роҳандозӣ шуданд. Ҳамзамон бо ин аз тарафи мутахассисони Раёсат ба иштирокчиён ёрии методӣ расонида шуда, ба онҳо намунаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дар шакли электронӣ дастрас намуданд.