Роҳи баста намонд, мошинҳо дар ҳама роҳҳову шоҳҳроҳҳо бе мамониат равуо дорад

Чӣ рӯзе буд дирӯз? Пур аз ҳаводис ва гоҳ хабари шоде ба домон дошту гоҳи дигар хабари нохуш. Мисли зиндагии ҳар рӯзи инсон. Рӯзҳо худ пораи зиндагии башаранд ва мисли инсон гоҳ паёми шодӣ меоранд ва гоҳе хабари ғамбор.

Ҳоло аз хабарҳои хуш оғоз кунем.

Аз соати 15:20 дақиқаи рӯзи 24 январи соли равон роҳи нимабастаи Хоруғ-Ишкошим пурра боз шуд. Тамоми ин рӯзҳо хадамоти роҳ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ҳама имконоте, ки дар ихтиёр доштанд, дар километрҳои  45, 51,52,55,58 ва 62  роҳро пурра аз тарма пок карданд ва ҳаракати мошинҳо шуруъ гардид. 

Рӯзи 24 - январи соли 2019 соати 15:55 дақиқа дар километри 12-ми мавзеъи Дусчини Ҷамоати деҳоти К. Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Бо эъзоми техникаи махсуси барфрӯбӣ баъди ду соати часпуталошҳои пурмаҳсул ин роҳ аз ғарами барф холӣ гардид ва пурра боз шуд. 

Дирӯз навишта будем, ки  роҳи самти Рушон водии Бартанг дар километрҳои 140 то 143 мавзеъи Писос, километрҳои 170-172 мавзеи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноб  бар асари шамоли сахт ва ҷамъшавии барфтуда баста аст. Ба мавзеъи мазкур 1 адад булдозери ДТ-75  сафарбар карда шуда, соати 19:50 дақиқа роҳ дар км 140-143 мавеъи Писос боз гардид. Корҳои бартарафсозӣ  дар километрҳои 170-172  идома дорад. Ва хушбахтона, рӯзи  24 январ соати 17:11 дақиқа роҳи Рушон ба самти водии Бартанг дар километрҳои 170 -172-и мавзеи Рухчи Ҷамоати деҳоти Савноб боз шуд. 

Оқибатҳои офати табие, ки сар аз 20-уми январи соли равон дар роҳҳои куҳии кишвар ҳоким буд, бартараф гардид ва ҳоло ҳамаи роҳҳо бозанд ва равуои бидуни мамониати мошинҳо таъмин карда шудаанд. Вале хавфи лағзиши тарма бар асари гармшовии ҳаво ҳамоно таҳдид мекунад. Ронандагону равандагони роҳҳои кӯҳиро лозим меояд, ки боз ҳам эҳтиёткор бошанд.

барчасп: