Омӯзишу парвариш бахши муҳим дар фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи барномаҳои зиёде, ки тарҳрезӣ шудаанд, мутахассисон, масъулин омӯзиш мебинанд. Маъмулан ин омӯзишҳо ҳам амалианд ва ҳам назариявӣ.
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита дар соли 2019, аз 23 то 25 январи соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ методии Кумита бо сардорони муофиаи граждании ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ машғулиятҳои таълимӣ дар асоси барномаи 21-соата аз тарафи афсарону мутахассисони шуъба ва бахшҳои Марказ ташкил ва гузаронида шуд.
Ба чорабинии мазкур 24 нафар шунавандагон аз шаҳру ноҳияҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рўдакӣ, Варзоб ва Файзобод ҷалб карда шуданд.
Машғулиятҳо бо усули лексионӣ, рӯнамоиҳо, намоиш додани наворҳои видеоӣ гузаронида шуда, баъди ба итмом расидани омўзишҳо ба шунавандагон оиди хатми курсҳои кўтоҳмудат шаҳодатномаҳо супорида шуд.