Дарсҳои омӯзишии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе барои омӯзгорони синфҳои дуввуми мактабҳо

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои муаллимони синфҳои 2-юми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ гузаронд.

Тибқи нақша ин гуна омӯзишҳо дар се марҳила роҳандозӣ мешаванд ва дар маҷмуъ дар он 73 нафар ширкат хоҳанд кард.  Ҳадафи баргузории ин омӯзишҳо боло бурдани сатҳи дониши омӯзгорон оид ба мудофиаи гражданӣ, омодагиҳо ва вокунишҳо ба офатҳои табиӣ ҷиҳати коҳиши хатари ин офатҳост.

Мураббиёни мегӯянд бояд муаллимони мактабҳо омӯзиш бинанд, то барои онҳо роҳандозии дарсҳои мудофиаи гражданӣ дар мактабҳо осонтар шавад.

Дар ҷараёни машғулиятҳо ба шунавандагон моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  фаҳмонда шуда, дар анҷом ба иштирокчиён маводҳои таълимӣ дар шакли электронӣ ва барномаи «Омўзиши асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои хонандагони синфҳои 2 ва 6 мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақсим карда шуд.

барчасп: