Бо мақсади муҷаҳҳазгардонии шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти идоравӣ ва компутерӣ таҳвил дод.
Техникаи мазкур барои ҷамъоварӣ, таҳлил, ҳифз ва табодули ахбори ворида ба Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин тартиб додани харитаи хатар ва равандҳои осебпазире, ки таҳдидоваранд, зарур аст.
Кори таҳлилу ташхиси ҳолатҳои фавқулодда ва хатарҳои эҳтимоливу равандҳои осебпазир ва зуҳуроти нохӯши муҳит яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шумор меравад.
Гуфтанист, ки соле як маротиба бар пояи ҳамаи ин таҳлилу ташхисҳо солномае бо номи “Вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор дода мешавад.