Роҳҳо аз тарма пок мешаванд, зиндагӣ ба маҷрои худ бармегардад

Барфрезиҳои рӯзҳои пеш тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингард гаштугузори мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Ба шарофати заҳамоти пайваста кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, IRS, талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ то ин замон ҳама роҳҳо аз барфтӯдаҳо пок шудаву нақлиёт дубора ба ҳаракат даромад. То ин замон аз километри 170 то 172 роҳи Рушон-Бартанг ва аз килеметри 52 то  62 роҳи Хоруғ Ишкошим бинобар сабаби лағзиши тарма баста аст. Боқӣ ҳама роҳҳои кишвар бозанд.

Тарма  аз километри 39, километрҳои 42-44 мавзеъи Ирғазор, километрҳои 46-48  мавзеъи Куҳи Лаъл-Сист, километри 51 мавзеъи Бичур ва километри 52 мавзеъи Колукени ҷамоати деҳоти А.Замиров, километри 55 мавзеъи Вогз, километри 58 мавзеи Шанбидеҳӣ ва километри 62 - уми деҳаи Қозидеҳи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошимро баст.

Рўзи 23 январи соли 2019 то соати 18:00 дақиқа роҳи самти ноҳияи Ишкошим аз километри 45 то километри 51 аз тарма тоза карда шуда, айни замон корҳои бартарафкунии хатари роҳҳо дар километрҳои 52 то 62 идома доранд.  

Рўзи 23-уми январи соли равон соати 11:40 дақиқа роҳи самти Рушон водии Бартанг дар километрҳои 140 то 143 мавзеъи Писос, километрҳои 170-172 мавзеи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноб  бар асари шамоли сахт ва ҷамъшавии барфтуда баста шуд. Ба мавзеъи мазкур 1 адад булдозери ДТ-75  сафарбар карда шуда, соати 19:50 дақиқа роҳ дар км 140-143 мавеъи Писос боз гардид. Корҳои  бартарафсозӣ  дар километрҳои 170-172  идома дорад.

Ҷузъиёти корҳои бартарафсозии офати табиӣ ин ҷо нашр хоҳад шуд. 

Вазъи роҳҳо дар рӯзи  24 январи соли 2019 ба тартиби зайл аст:

Душанбе-Хуҷанд

боз аст

Душанбе-Кӯлоб

боз аст

Кулоб Қалъаи Хумб

боз аст

Қалъаи Хумб Ванҷ

боз аст

Ванҷ – Рушон

боз аст

Рушон – Хоруғ

боз аст

Рушон – Бартанг

аз километри 170 то 172 

Хоруғ – Ишкошим

аз километри 52 то 62 баста

Хоруғ – Мурғоб

боз аст

Мурғоб – Қулма

боз аст

Мурғоб – Қизил Арт

боз аст

Душанбе Рашт

боз аст

Рашт Лахш

боз аст

Лахш Қарамиқ

боз аст

Ағбаи Анзоб

боз аст

Ағбаи Шаҳристон

боз аст

барчасп: