Тамрини минтақавии тағйири иқлим дар Қирғизистон

Намояндагони беш аз 25 вазорату идораҳо, созмонҳои ғайридавлативу байналмилалии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, аз ҷумла намояндаи Кумиаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамрини “Барномаи минтақавии истифодаи устувори замин бо назардошти  тағйири иқлим барои рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ”, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад, ширкат доранд.

Дар ҷараёни ин тамрин ширкаткунандагон нуқтаи назари худро  дар мавриди кадом қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва асбобу анҷом заруранд, кадом палформаҳо барои ҳамкориҳо вуҷуд доранд, чӣ гуна метавон аҳолиро хабардор намуд дар ҷаласаҳои баҳсӣ ва гурӯҳҳои корӣ иброз медоранд. Ин машқҳо аз ҷониби мураббиён аз Олмони Федералӣ ва ИМА гузаронида мешаванд.   

Барномаи нави минтақавии истифодаи устувори замин бо назардошти  тағйири иқлим барои рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ моҳи майи соли 2016 фаъол шуд ва он аз ҷониби Вазорати Федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати Федералии ҳифзи табиат, сохтмон ва бехатарии реакторҳои ҳастаии Олмон ташкил шуда, аз ҷониби Барномаи минтақавии GIZ (Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ) татбиқ мегардад.

барчасп: