Ҳавои имрӯз: Роҳҳои баста боз шуданд

Аз шаби гузаштаву субҳи имрӯз бориши барф дар аксар минтақаҳои кишвар табриҷан қатъ шуд, роҳҳои қаблан басташуда ҳам тадриҷан боз шуданд. Ҳоло дар саросари кишвар ба ҷуз роҳҳои “Рушон - Бартанг ва Хоруғ -Ишкошим боқӣ ҳама бозанд. Равуои озоди мошинҳо ба роҳ монда шудааст.

Субҳи рӯзи гузашта дар километри 83-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаро ба қайд гирифтанд ва он сабабгори муваққатан қатъ шудани ҳаракати мошинҳо шуда буд. Ин мушкил дирӯз комил аз байн рафт, роҳ аз барфтӯда пурра тоза карда шуд ва мошинҳо ҳоло дар ин масир дар ҳаракатанд.

Дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд ҳоло ҳам муваққатан ба ҳаракати мошинҳои боркаши бузург иҷозат нест.  Аммо мошинҳои сабукрав бемамониат аз ду ҷониб дар ҳоли ҳаракатанд. 

Бино ба маълумоти хадамоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Анзоб), дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи Марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ (Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим) хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар шоҳроҳҳои кишвар қабати барф ва ях мушоҳида мешавад ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад. Дар ағбаҳо туман мефарояд ва ҳавои тира муҷиби он мешавад, ки то масофаи 200 метр биниш бад шавад.

Ҳаво дар кулли кишвар рӯзҳои 25-27-ум соф мешавад ва офтоби рӯзона барфҳоро об мекунад, ҳавои шабона ба сардӣ мегарояд. Барфи обшуда шабона роҳҳо яхӣ мекунад.

Шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво ҳарорати ҳаво аз 15 то 20 дараҷа сард мешавад. Сардии ҳаво дар  ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 20-25 ва  дар шарқи ВМКБ ба  31-36 дараҷа мерасад. Сардтарин нуқтаи кишвар  мавзеъи Булункул аст, ки то 50 дараҷа хунук мешавад.

Вазъи роҳҳо то ҳамин лаҳзаҳо ба тартиби зайл аст:

 

 Душанбе-Хуҷанд

боз аст

Душанбе-Кӯлоб

боз аст

Кулоб Қалъаи Хумб

боз аст

Қалъаи Хумб Ванҷ

боз аст

Ванҷ – Рушон

боз аст

Рушон – Хоруғ

боз аст

Рушон – Бартанг

баста

Хоруғ – Ишкошим

баста

Хоруғ – Мурғоб

боз аст

Мурғоб – Қулма

боз аст

Мурғоб – Қизил Арт

боз аст

Душанбе Рашт

боз аст

Рашт Лахш

боз аст

Лахш Қарамиқ

боз аст

Ағбаи Анзоб

боз аст

Ағбаи Шаҳристон

боз аст

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои  тармахез ва сангрез аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Бахусус,  касоне, ки кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, шикор мераванд, эҳтиёт кунанд. Ин рӯзҳо ҳавои ин корҳо нест, бояд мунтазир буд, то фурсати муносиб фаро расад.

Ҷони худро дар хатар наяндозед, бастагонатонро нигарон накунед!

барчасп: