Бориши шадиди барф равуо дар роҳҳои кӯҳии кишварро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Хатари лағзиши тарма бештар шуд, боришҳо пайваста кори роҳрӯбонро ҳам душвор кард. Бо вуҷуди огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагон ҳамоно баъзан бидуни зарурат ҳам ба сафар мебароянд. Ҳоло садҳо мошин дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Рушон-Хоруғ дармондаанд. Аз ҳамаи роҳҳои кӯҳӣ дар айни замон танҳо дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ба масофаи 150 метр, ағбаи Анзоб ва дар километри 569-уми роҳи мошингарди Рушон-Хоруғ роҳ баста аст.
Тибқи иттилои идораи обуҳавосанҷии кишвар дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, водии Рашт ҳаво соф аст. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, водии Ҳисор ҳаво абриву бебориш аст.
Вазъи роҳҳо то ҳамин лаҳзаҳо ба тартиби зайл аст:
Душанбе-Хуҷанд |
Муваққатан дар километри 81 – ум ба масофаи 150 метр баста аст. |
Душанбе-Кӯлоб |
боз аст |
Кулоб – Қалъаи Хумб |
боз аст |
Қалъаи Хумб – Ванҷ |
боз аст |
Ванҷ – Рушон |
боз аст |
Рушон – Хоруғ |
Дар км 569 муваққатан баста |
Рушон – Бартанг |
боз аст |
Хоруғ – Ишкошим |
боз аст |
Хоруғ – Мурғоб |
боз аст |
Мурғоб – Қулма |
боз аст |
Мурғоб – Қизил Арт |
боз аст |
Душанбе – Рашт |
боз аст |
Рашт – Лахш |
боз аст |
Лахш – Қарамиқ |
боз аст |
Ағбаи Анзоб |
баста |
Ағбаи Шаҳристон |
боз аст |
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои пурборишу тармахез ва сангрез аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Бахусус, касоне, ки кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, шикор мераванд, эҳтиёт кунанд. Ин рӯзҳо ҳавои ин корҳо нест, бояд мунтазир буд, то фурсати муносиб фаро расад.
Ҷони худро дар хатар наяндозед, бастагонатонро нигарон накунед!