Санҷиши ҳолати омодабоши дастаи зудамали наҷот дар вилояти Хатлон

Дар  вилояти Хатлон ҳолати омодабоши ҳайати шахсии дастаи зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва дастаи  махсуси зудамали наҷоти  Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон санҷида шуд.

Тибқи хабари сардори Раёсат пополковник С.Исозода ҳадафи ин санҷиш омодагӣ ба мавсими зимистон бо борону селҳои эҳтимолии аввалибаҳорӣ буд.

Санҷиш мувофиқи нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2019 баргузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна санҷишҳо дар кулли қаламрави кишвар аз ҷониби Раёсату Шуъбаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ гузаронида мешаванд.

барчасп: