Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар доираи Нақша оид ба фаҳмонидани мазмун ва самтҳои асосии Паёми сосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо корманди салоҳиятдори Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи пойтахти кишвар мулоқот баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ, ки бо ширкати роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати Кумита баргузор шуд, сарнозири шуъбаи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари Раёсати номбурда Назмиддин Шаҳобиддинзода иштирок ва суханронӣ намуд.  

Назмиддин Шаҳобиддинзода зимни суханронии худ аз ҷараёни татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020”, оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо изҳори назар намуд.  

Ҳамчунин маҳдудиятҳо дар қабули инъому тӯҳфаҳо, ҷазо барои ришва, миёнаравӣ дар ришвадиҳиву ришваситонӣ дар шакли ҷарима, аз кор рондан барои аз даст додани боварӣ, тартиби тафтиши маълумоти воридшудае, ки шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои зери назорати онҳо мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқобилият бо коррупсия пешниҳод кардаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар доираи масъалаҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: