Чунин навишт “Ҷумҳурият”: КҲФ. Имкониятҳо фарогир мешаванд

Дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи ҳамкориҳои башарӣ дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни КҲФ ва маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба расондани воситаҳои техникӣ барои воҳидҳои наҷоти кумита  ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои имзошуда маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба кумита булдозер, экскаватор, автотрейлери қудрати борбардориаш 40 тонна, мошини ҳарҷогузари дорои ҳашт ҷойи хоб барои наҷотдиҳандагон ва ҳарҷогарди тамғаи «ПИКАП» таҳвил медиҳад. Ин техника барои гурӯҳҳои зудамал ва вокуниши сареи КҲФ  бо мақсади боло бурдани сатҳи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

 Ҳамчунин, ҳуҷҷати дигар дар бораи  ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  расондани як адад экскаватори тасмачарх низ имзо гардид.

 Дар маросими имзои Ёддошти тафоҳум Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенант, Баҳром Ғаффорзод, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Абдулазиз ибни Муҳаммад ал - Бодӣ, сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Аҳмад ибни Алӣ ал - Биз, муовини нозири кулл оид ба амалҳои барномаи Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ширкат намуданд.

 Абдулазиз ибни Муҳаммад ал - Бодӣ, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст ба халқи бародари Тоҷикистон дасти ёриву мадад дароз кунад. «Равобит миёни Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон самимона буда,  бо боварии томи ҷонибҳо ба сӯи ояндаи дурахшон ба манфиати халқҳои ду кишвар рушд меёбад»,- зикр намуд сафир.

 Рустам Назарзода ба маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои кумакҳояш изҳори сипос кард ва қайд намуд, ки ин ёриҳо, пеш аз ҳама, барои беҳбуди корҳои наҷоти мардум дар ҳолатҳои фавқулода равона шудааст. Ӯ бо таъкид ба густариши равобит миёни марказ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода афзуд, ки техникаи мазкур, ҳамчунин, ба корҳои соҳилбандиву соҳилмустаҳкамкунӣ низ равона мегарданд.

М. САФАР, «Ҷумҳурият»
Асли матлабро метавонед ин ҷо мутолиа намоед: 

КҲФ. ИМКОНИЯТҲО ФАРОГИР МЕШАВАНД

барчасп: