Медонам, ки пуштибоне ҳаст...

23 декабри соли 2018 ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш заврақи резиниямро об бурд.  Баъди чанде шино кардан, ба соҳил наздик шудам. Аз таъсири оби хунук ва  ҷараёни  тези  оби  дарё қувватамро аз даст дода, буттаеро, ки дар наздикии соҳил буд, маҳкам доштам. Дар баробари хунук будани оби дарё ва кам шудани қувваи бозувонам овозам низ хаста шуд. Доду фиғонам ба гӯше намерасид.

Он лаҳзаҳо аз таъсири оби хунук ва ҷараёни тези об дар дастонам, ки бо онҳо буттаеро маҳкам медоштам, неру намонд. Дастонам худ ба худ аз бутта раҳо шуданд. Дар ҳамин ҳол фикр мекардам, ки оё ба доди ман касе мерасида бошад? Хушбахтона, баъд аз гузаштани чанд вақт аз соҳили дарё садоҳо ба гӯшам омад. Касе  номамро гирифта, дар куҷо буданамро мепурсид. Садо торафт наздиктар мешуд. Ҳамдеҳаам - Шариф ҳамроҳи якчанд наҷотдиҳандаи дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба наздам расиданд ва маро ба хушкӣ бароварданд. Дасту поям аз кор монда  буданд. Мустақилона роҳ рафтаву дуруст ҳарф зада наметавонистам. Баъд аз ин, наҷотдиҳандагон лейтенанти хурд Абдураҳим Толибзода, прапоршикҳо Муҳаммад Бозорзода, Ҳотамшоҳ Искандарзода ва Диловар Ҳақназаров маро ба соҳили рости дарё бурданд.

 Аз ҳайати эҷодии рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» хоҳиш менамоям, ки миннатдории самимии ман, хешу пайвандон ва дӯстонамро барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ ва аз коми марг раҳондани камина ба кулли наҷотдиҳандагони касбии раёсати болозикр ва ҳамзамон, ба роҳбарияти кумита барои омода кардани чунин мутахассисони кордону сарсупурда бирасонанд.

Иброҳим ПИРОВ,

сокини деҳаи Бандари ноҳияи Хуросон.

Ҳамчуноне дарёфтед, ин номаи сипос ба унвони нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” расидаву чоп шудааст. асли номаро метавонед аз ин ҷо бихонед:

4http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=36375

барчасп: