Дар бинои мунфаҷираи шаҳри Магнитогорски Русия, ки Тоҷикистон низ чаҳор фарзанди азизашро аз даст дод, корҳои ҷустуҷӯву кофтуков ба анҷом расиданд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ахиран эълон кард, ки воҳидҳои ин ниҳод ҳоло ба мақари аслии будубошашон бармегардад. Дар нишасти матбуотие ахиран баргузор шуд, муовини аввали Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия генерал-полковники хизмати дохилӣ Александр Чуприян гуфт:
«Мо охирин ҷасадро аз зери хок берун овардем ва кафолат медиҳем, ки зери ин вайрона одамони ҳалокшуда нестанд. Аз ин рӯ амалиёти ҷустуҷӯиву наҷот ба анҷом мерасад ва марҳилаи муҳандисию сохтмонӣ оғоз мешавад”.
Вай ҳамчунин эълон кард, ки воҳидҳои наҷоти вазорат аз рӯзи дигар ба макони хизмати доимии худ бармегарданд. Бо истифода аз техникаи махсус дар хонаҳои нимавайронаи 7 даромадгоҳи бинои бисёрошёна 18 нафар наҷот дода шуданд, ки ду тани онҳо тифлон буданд.
Александр Чуприян ҳамчунин хабар дод, ки дар ҷойи ҳодиса тӯли ин рӯзҳо бештар аз 900 нафар ва 200 техникаи гуногун кор карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар таркиши ин бино чаҳор нафар узви як хонадони тоҷик, ки дар бино манзил доштанд, ҷони худро аз даст доданд. Сафар Сафаров-Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтааст, ки баъди кофтукови сешабонарӯзӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Улфатова бо се ҷигарбанди хурдсолаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта берун оварда шуданд. Мақомот ин чаҳор ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ҳоло онҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд.
Консули Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки падари ин фарзандон дар айни замон бо ҳоли вазнин ба бемористони Челябинск бистарист.
Бино ба гузориши дипломати тоҷик дар ин бино ду хонаводаи тоҷик мезистаанд. Оилаи Муҳаммадрозиқ Самиев иборат аз 7 нафар аз ин фоҷеаи мудҳиш солим мондаанд. Дипломати тоҷик ҳамчунин ба хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки дар наздиктарин фурсат ҷасади қурбониёни ин инфиҷор ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.