Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода

Генерал-полковники милитсия Назарзода Рустам 28 феврали соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1980 Мактаби олии милитсияро дар шаҳри Омски Федератсияи Россия хатм намуда, то соли 1996 дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, сардори шуъбаи Раёсати кофтуковӣ-ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри  Турсунзода, сардори Раёсати кофтуковӣ-ҷиноятии ВКД ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Аз соли 1996 то 2016 дар вазифаҳои Раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

2-юми феврали соли 2016 ба вазифаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар солҳои 1990 - 1995 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Барои хизматҳои шоистааш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо нишонҳои "Ситораи Сурх", “Спитамен” дараҷаи I,  медалҳои “Барои хизмати шоён” дараҷаҳои I, II, III сарфароз гардидааст.