Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон
12-уми марти соли 1963 дар деҳаи Муллокенҷаи ноҳияи Ҷиргатол дуида ба олам кушодааст.
Миллаташ тоҷик.
Маълумоташ олӣ.
Соли 1985 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – механик хатм кардааст.
Соли 2010 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро соли 1985 чун муҳандиси МТП дар хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод шуруъ кардааст.
Аз соли 1986 то 1987 муҳандис – механики хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод будааст. Солҳои 1987-1993 Сармуҳандиси хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод буд.
Солҳои 1993-1996 муҳандиси категорияи якум дар УМР РГЭС шаҳри Роғун буд.
Солҳои 1996-1998 президенти ПКФ «Анушервон» дар шаҳри Душанбе ва аз соли 1998 то 2000 сардори Раёсати фаврӣ – Сардори Сарситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда буд.
Баъдан муддати як сол иҷрокунандаи вазифаи Сардори Сарситоди ВҲФ ва мудофеаи граждании ҶТ буд.
Аз соли 2002 то 2006 Директори генералии хоҷагии истеҳсолии аграрии “Наҷот” дар назди ВҲФ ва мудофеаи гражданӣ, аз соли 2006 то 2007 Сардори Раёсати ақибгоҳ ва амволи ҳарбии вазорат буд.
Аз 2-уми майи соли 2008 Ҷонишин ва аз 4-уми майи соли 2015 Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.